Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

№149 (3295) 15.12.2014

1553461_754722331264622_8357532858704686999_o

Сенздаҳуми декабри соли 2014  дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани XII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки таҳти раёсати Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Дар анҷумани навбатии ҳизб масъалаҳои зиёди вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони мардумӣ баррасӣ шуданд.

Дар оғози кори анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нахуст вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо солгарди 20-уми таъсиси ин иттиҳодияи муқтадири сиёсӣ табрику таҳният гуфт.

Бо ёдоварӣ аз фаъолияти бистсолаи ҳизб, аз ҷумла изҳор гардид: «Ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд».

Чунонки зикр гардид, имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ қариб 250 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид кардааст ва шумораи хоҳишмандони дохилшавӣ ба сафи ҳизб торафт афзоиш дорад. Дар сафҳои ин ҳизб ҷавонону бонувони ватандӯст, ба кори ҳизбӣ содиқ, фаъолу ташаббускор ва ташкилотчӣ хеле зиёданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони мардумӣ зоҳир карда шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки маъракаи тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мулоқоту дидорҳо бо мардуми кишвар бо риояи фарҳанги волои сиёсию ҳуқуқӣ, одобу ахлоқи баланди муошират, оини таҳаммулу тавозӯъ бояд ба роҳ монда шаванд. Тамоми раванди омодагӣ ва баргузории интихобот бояд ба таври шаффофу демократӣ дар фазои орому осуда ва суботи сиёсии ҷомеа сурат бигирад.

Дар анҷуман ҳамчунин вакилони зиёди ҳизб аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Аҳмадҷон Ализода, Олимҷон Сафаров, Ҷонибек Қозибеков, Дилноза Ачилова, Ҷамшед Саидов ва дигарон сухан ронда, андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Ҳамчунин Муриват Маликшоев бо намояндагӣ аз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз вилояти Иркутски Федератсияи Россия сухан гуфт.

Дар ҷараёни анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки муҳимтарин самтҳои рушди кишвар дар солҳои 2015-2020-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.

Зимни пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии 28 нафар дастгирӣ карда шуд. Аз онҳо 11 нафар занон ва аксарашон олимону мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.

Дар қисмати баррасии масоили ташкилӣ ба Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии (КИМ) ҳизб, раёсати КИМ ва дигар мақомоти марказии ҳизбӣ тасдиқ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Саидмурод Фаттоҳзода муовини якуми раиси ҳизб, Асрор Латифзода ва Раънохон Бобоҷониён муовинони раиси ҳизб интихоб карда шуданд.

www.president.tj