21 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Иди байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.
Ангора намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тараф Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз — 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи Иди байналмилалии «Наврӯз — 2019» васеъ истифода намоянд.
www.president.tj