Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон

№122 (3268) 17.10.2014

Шонздаҳуми октябри соли 2014 зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб муҳокимаи масоили ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсат, мудофиа, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ идома ёфт.

Ҳар ду ҷониб дастовардҳои назаррасро дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат таъкид намуда, ҳамзамон фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд. Дар ин замина ба густариши робитаҳои мустақими миёни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Мусоидат ба рушди ҳамкории илмию техникӣ ва фанновариҳои нав ҳам аз мавзӯъҳои асосии музокирот буд.

Зимни баррасии мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши ҳамгироии амниятию дифоӣ дар роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир таъкид доштанд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ маросими имзои санадҳо баргузор шуд, ки зимни он Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва чор созишнома ба имзо расид. Зери Эъломияи муштарак сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев имзо гузоштанд. Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- Созишнома миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкории илмӣ.

Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду давлат баҳои баланд дода, робитаҳои ояндаи Тоҷикистону Озарбойҷонро дорои дурнамои судбахш номиданд.

www.president.tj