Ҷараёни табобати Бозор Собир таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад

№44 (3838) 10.04.2018

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шоири шинохтаву маҳбуби тоҷик устод Бозор Собир бо сабаби беморӣ дар беморхонаи шаҳри Сиэтли Иёлоти Муттаҳидаи Америка бистарӣ гардидааст.

 Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дода буданд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли мушкилоти мавҷуда, кумаку дастгирӣ ва ҳар чӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадамин дар паҳлуи бемор қарор доранд ва ба ӯ кумаку ёрии ҳамаҷониба мерасонанд.

Ба табобати бемор як гурӯҳ мутахассисони варзидаи соҳаи тиб машғуланд. Рафти табобат, ҳолати воқеӣ ва ҷараёни ба Ватан баргардонидани Бозор Собир зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

www.president.tj