ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 29 январи соли 2025, №73, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарзода Д.Ғ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сафарзода Дилшод Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 29 январи соли 2025, №74, ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шукурзода И.Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шукурзода Исфандиёр Шукур муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 29 январи соли 2025, №77, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қиёмзода З.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қиёмзода Зарафо Суфиҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН