Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Вализода И.С.
аз 22 апрели соли 2025 №233
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»
озод намудани Раҳмон Д.С.
аз 22 апрели соли 2025 №232
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳмон Дилшод Сафарбек бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон