Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№16 (3317) 05.02.2015

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 феврали соли 2015 №46, ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҳикматуллозода Неъматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 феврали соли 2015 №47, ш. Душанбе

 Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ганҷалзода Ш.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон