Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№25 (3975) 05.03.2019

аз 4 марти соли 2019, №111, ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директор – сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» озод намудани Раҷабзода И. К.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҷабзода Иброҳим Кабут бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми директор – сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ РАҲМОН