Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Оймуҳаммадзода И. С.

№12 (3962) 29.01.2019

 аз 28 январи соли 2019, №27, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ РАҲМОН