Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод намудани Убайдулло Н.К.

№ 19.07.2024

аз 18 июли соли 2024, №402, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Убайдулло Насрулло Каримзода аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН