Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдураҳмонзода С. Н.

№68 (4174) 09.06.2020

аз 8 июни соли 2020, № 315, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳмонзода Саидумрон Назар бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ РАҲМОН