Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мавлодод А.М.

№73 (4813) 10.06.2024

аз 7 июни соли 2024, №351, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мавлодод Абдулқодир Мавлодод бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН