Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Холмуҳамадзода С. А.

№30 (4770) 07.03.2024

аз 4 марти соли 2024, № 146, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Холмуҳамадзода Сорбони Амирхонӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН