Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Латифзода А. Қ.

№151 (4101) 17.12.2019

 аз 16 декабри соли 2019, № 625, ш. Душанбе

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор мекунад:

 

Латифзода Асрор Қурбон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон