Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод намудани Фаттозода А.А.

№73 (4813) 10.06.2024

аз 7 июни соли 2024 №354, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН