Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назарзода Рустам

№ 22.01.2025

аз 21 январи соли 2025, №34, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Назарзода Рустам бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН