Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» таъин намудани Рустамзода З. Т.

№86 (4506) 15.07.2022

аз 13 июли соли 2022, № 335, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Рустамзода Замира Темурмалик директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН