Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №612

№55 (4005) 16.05.2019

аз 14 майи соли 2019, № 251, ш. Душанбе

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Аз сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №612 «Дар бораи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати чордаҳум «Раёсати амнияти дохилӣ» хориҷ карда шавад.

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН