Ҳашари «Наврӯзи бунёдкорию ниҳолшинонӣ»

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

892212_460286260708232_1430403391_o

23 марти соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ баромада, ҳамагонро ба иҷрои оини наврӯзии поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию кабудизорсозии атроф даъват намуд.

Тавре зикр гардид, аз айёми бостон дар рӯзи сеюми наврӯзи хуҷаста мардум ба ҳашари ниҳолшинонию кабудизорсозии муҳити зист баромада, ҳамчунин корҳои кишоварзиро вусъат мебахшиданд. Аз ин хотир бо ташаббусу пешкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми зиёд дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳашари умумӣ даъват карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар ҳашари ниҳолшинонию кабудизорсозии ин мавзеъ бевосита иштирок намуда, шахсан ниҳолҳои нодири бузургҷуссаи ороишию сояафкан шинонд.

Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ва ҳамчунин ходимони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар иштироки фаъол намуданд.

Иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ, аз як ҷиҳат нишонаи муҳаббати беандозаи ӯ ба табиати биҳиштосо ва зебоиҳои камназири Тоҷикистони азиз бошад, аз ҷониби дигар як навъ тарғибу ташвиқи шоистаи мардум ба корҳои ободонию созандагӣ ва фарҳанги зебоишиносӣ аст.

Зимни суҳбату ҳидоятҳо ба мутахассисону масъулони соҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки баробари эҳёи оинҳои сершумори наврӯзӣ, оини «Наврӯзи бунёдкорӣ» низ, ки дар рӯзи сеюми ин ҷашни таҷассумгари пайванди инсону табиат ва коинот ба амал мебаромад, аз нав густариш пайдо мекунад.

 

www.prezident.tj