Ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар Шаҳри Душанбе

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

32475056154_bc6047d3e8_oҲаштуми марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накуи баҳорӣ ва рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, дар майдони боғи Нишони давлатӣ сурат гирифт. Дар он ҷо ба хотири зебою озода кардани хиё­бонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию рӯҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд.

Аз рӯзҳои аввали фасли баҳор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат ба беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори мамлакат маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ ташкил менамоянд. Тавре огаҳӣ доред, чунин тадбирҳои созандагӣ 2 феврал дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт ва 4 март дар боғи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузаронида шуд.

Супоришҳое, ки Сарвари давлат 2 феврал ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ҷиҳати боз ҳам обод кардани хиёбонҳо ва мавзеъҳои сайругашти сокинон дода буданд, то имрӯз иҷро гардид. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурудгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Тавре маълум гардид, масъулини шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат  қад — қади дарёи Душанбе дар маҳалли Наврӯзгоҳи пойтахт ва дигар мавзеъҳо дарахтони зиёди ороишию сояафкан шинонидаанд.

Тавре иттилоъ дода будем, роҳбарияти хоҷагии фермерии «Асадулло»- и ноҳияи Хуросон иқдом гирифтаанд, ки ба хотири саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт беш аз 4 ҳазор ниҳоли гуногуни ороишию мевадиҳанда, аз қабили бодом, писта, арча, ар-ар, шоҳбулут, санавбар, сӯзанбарг ва дубро ба пойтахт тақдим намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти идораҳои дахлдор, ки фаъолияташон ба корҳои ободонӣ равона гардидааст, дастур дода буданд, ки то Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида шаванд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар майдони Нишони давлатӣ, роҳрави хиёбони «Дӯстӣ»- и пойтахт ва Боғи ба номи устод Рӯдакӣ сурат гирифт, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандонашон асосан дарахтони ороишию сояафкани аз Аврупо ба Тоҷикистон воридгардида шинонида шуд.

Дар маҷмӯъ, имрӯз беш аз 430 адад ниҳоли дарахтони нодиру ҳамешасабз, аз ҷумла беш аз 70 ниҳоли шоҳбулут, 120 дарахти олуи канзанӣ, 95 ниҳоли магнолияи ҳамешасабз, 120 дарахти сарв ва сӯзанбарг шинонида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳубини хуби ин дарахтон, тозаю озода кардани муҳити атроф ва дигар тадбирҳо ба хотири таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба масъулини  шаҳри Душанбе ва дигар идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

www.president.tj