26 августи соли 2021 дар сомонаи расмии Қасри Елисей (Маъмурияти Президенти Фаронса) интишор шуд.
Суҳбат бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Фаронса бо ҳамтои тоҷикаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чоршанбеи 25 август суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ӯ Президенти Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии ин кишвар, ки таҷлилаш 9 сентябри соли 2021 дар назар аст, табрик гуфта, аз сатҳу сифати муколама миёни Фаронса ва Тоҷикистон изҳори хушӣ кард ва иродаи хешро ҷиҳати рушду таҳкими бахшҳои нави ҳамкорӣ, хусусан дар масъалаи сарҳадот баён намуд.
Роҳбарони ҳар ду давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон, инчунин оқибатҳои ба сари ҳокимият омадани “Толибон” дар Кобул табодули афкор намуданд. Мусоҳибон оид ба идомаи ҳамкориҳо ба манзури таъмини суботу амнияти минтақавӣ ба тавофуқ расиданд. Президенти Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса даъват кард. Ӯ меҳмони олиқадрро рӯзи 13 октябр ба ҳузур хоҳад пазируфт.