Ҷавониро фидо карданд, то…

№124 (4544) 05.10.2022

Эмомали Рахмон 27.11.2015Ҳар соати фаъолияти Пешвои миллат ба маънои томаш қаҳрамонӣ буда, арзандаи ҳазорҳо шеъру достон, манзума, матолиб ва  рисолаҳои илмӣ мебошад. Дар бораи Сарвари давлат зиёд навиштаанд. Аз шахсони касбу кори гуногун — одамони одӣ, мансабдорони  сатҳи баланд ва  зиёиён, аз  некиҳояшон гуфтанд, садоқаташонро ба арзишҳои милливу давлатӣ васф карданд, аз ҷасораташ ёдовар шуданд, одамияту самимияташонро камназир унвон карданд.  Ҳар кадом симои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, абармарди муътабари олами сиёсат, меъмори сулҳи тоҷикон ва шахсияти хирадманду дурандешро бо усул, шева ва назокатҳои инфиродӣ бозгӯйӣ намудаанд.

Албатта, то чӣ андоза комёб будани муаллиф дар бозгӯйӣ намудани шахсияти Пешвои миллат ба  донишу касбият вобаста буда,  аз  садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ ва  ҷасорат маншаъ мегирад. Матолиби дар ин мавзӯъ иншошуда дар сурате нишонрас ва дар ташаккули афкори ҷомеа саҳмгузор мегарданд, ки ба аҳли ҷомеа ҳаводиси қаблиро ёдрас намуда, далелу рақамҳо дар заминаи қиёс пешниҳод гарданд.

Вақте ки оид ба садоқат ба арзишҳои милливу давлатӣ, одамияту самимият, ҷасорату матонат,  накукориву қонунмеҳварӣ, ҷиддияту салобат ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ меандешам,   пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меояд. Ҳарчанд бисёриҳо ҳавас мекунанд, ҳасад мебаранд ва орзу мекунанд, вале мардона бояд иқрор шуд, ки аз роҳбарӣ маҳбубу муътабар шудан кори осон нест. Манзур сарварони поквиҷдону масъулиятшинос мебошанд. Моҳиятан роҳбарон бояд виҷдони ҷомеа бошанд.

Тамаллуқ нахоҳад буд агар гӯям, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаву бериё зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. Ҳамнавои замон буда,  набзи зиндагии одамонро чун набзи худ ҳис мекунанд. Бо мардум пайванди ногусастанӣ доранд. Хуб медонанд, ки муборизаҳо, бунёдкориҳо, тақдирҳо, ормонҳо дар фаъолияти ҳар сарвар дарҷ ва дар саҳифаҳои таърих нигошта мешаванд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, ки  кишвар дар ҳоли таназзул қарор дошт. Ин абармард «ба зимистони сарди халқ мисли баҳор дамида», «ба тоҷикони пароканда ҷамъият бахшиданд». Ба ибораи дигар, «ҷавониашонро фидо карданд, то диёр ҷавон монад». Ҳарчанд, ки нуфузашон  бемайлон боло рафт, ҳамон андоза хоксор шуданд. Дар ҳама ҳолат, новобаста ба вазъият, андешаашонро дигар накарданд. Аз нотавонбинон заррае ҳарос надоранд.

Аз матолиби дар бораашон иншошуда ва филмҳои  телевизионӣ бармеояд, ки ҳарчанд хеле ҷиддиву бовиқор ба назар мерасанд, вале бо ҳамон ҷиддияту салобати хос, самимона бо ҳама  муносибат мекунанд. Нафароне, ки босаводу кордон ҳастанд, маҳз бо дастури Пешвои миллат ба вазифаҳои муносиб сазовор дониста шуданд. Моҳиятан  ин хислати сиёсатмадор, яъне, эътирофи савод, истеъдод, ҳунар аз гавҳаршиносии роҳбар дарак медиҳад.

Пешвои миллат зиндагиро дар ҷабҳаи мубориза барои расидан ба хайр ва аз байн бардоштани шарр сарф кардаанд. Ин абармард иродаи шикастнопазир, азм ва нияти нек доранд. Муҳаббат ба халқу Ватан дар мағз андар мағзи ҷонашон ҷой гирифта, шуъла мезанад. Агар ба роҳи паймудаашон мутаваҷҷеҳ гардем, маълум мешавад, ки  ба сӯи камолот зина ба зина ҳаракат намудаанд.

Онҳое, ки қаҳрамони матлабро  пеш аз Роҳбари давлат интихоб шудан мешинохтанд, гуфтанд, ки дар ҳар вазифае, ки фаъолият карданд, кордонию масъулиятшиносӣ сармашқи корашон буд. Маҳз  хислатҳои нек, усули хоси роҳбарӣ  ва дурандешӣ мақоми он касро миёни ҳамкорон боло бардошт. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта даврони вазнине барои мардуми Тоҷикистон оғоз гашт. Боварҳо, ҳизбу ҳаракатҳо майл ба сӯи ҷудоӣ карданд. Оташи ҷанг аланга гирифт. Мавҷудияти миллати тоҷик дар зери хатар монд. Вазъияти кишвар рӯз ба рӯз буҳронитар мегардид. Хавфи парокандагиву нобудӣ ба миён омад. Ҳатто баъзе аз соҳибони вазифаҳои баланди давлатӣ рӯ ба фирор оварданд, тамошобин шуданд. Дар чунин вазъияти душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ­Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Аз суҳбатҳои шоҳидони ҳол огоҳӣ ёфтем, ки  Роҳбари тозаинтихоби давлат шабу рӯз кор карданд, ба хонаашон хеле дер меомаданд ва ё баъзе шабҳоро дар ҳуҷраи корӣ рӯз менамуданд. Ин абармард  хуб дарк намуда буданд, ки бояд вазифаи бардӯшдоштаро ба хубӣ анҷом диҳанд. Рисолати милливу ватанхоҳиашонро дар ҳамин мебинанд. Мекӯшиданд дар ҳама ҳолат орому ботамкин бошанд, ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот дода намешуданд, боиси ранҷиши дигарон намегаштанд. Ба мушкилиҳои мавҷуда нигоҳ накарда, дар ҳама ҳолат худро хурсанд вонамуд менамуданд. Онҳое, ки Ватану миллаташонро дӯст медоранд, ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузоранд, воқеан ҳам, соҳиби дили бузург ҳастанд. Аз худ гузаштан, манфиати давлату миллатро боло гузоштан, ба хотири ормонҳои инсонӣ кору зиндагӣ кардан аз оини ҷавонмардист. Ана, ҳамин гуна шахси сарсупурдаи Ватану миллат мебошанд Пешвои миллати мо. Кордон, масъулиятшинос, ҳақпараст, соҳиби маърифат, меҳрубон, ғамхор, сарсупурда ва ИНСОН бо ҳарфҳои бузург.

43261e2aeae0ca3555b8cd7c98f1212fДар он рӯзгорон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлат як орзу доштанд: ободии Ватан, осоиши мардум. Аммо барои амалӣ шудани ин орзуҳо роҳи мушкиле дар пеш буд. Роҳи хатарзо, пур аз фитнаву найранг. Дониш, хирад, матонат, устуворӣ, бовар ба фардои дурахшони миллат қутбнамои роҳи Сарвари кишвар буд. Маҳз ба шарофати ӯ дар он марҳилаи бисёр ҳассос мардуми соҳибтамаддуни тоҷик тавонист ба манфиатҳои миллат ва Ватан афзалият дода, хатари аз байн рафтани давлати ҷавон ва пароканда гардидани миллатро бартараф созад ва бунёди Ватани ободу зебои биҳиштосоро дилпурона оғоз намояд.

Дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон роҳи таърихиеро тай намуд, ки масири пур аз монеаву мушкилот маҳсуб мешавад. Хуб дар хотир дорем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд.

Дар заминаи дурандешии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд хислатҳои накуи инсонӣ, аз қабили таҳаммулгароӣ, шукргузорӣ, сабру тамкин ва бахшидани якдигар меҳвар қарор гирифта, фосилаи расидан ба сулҳу субот фарсахҳо наздиктар шуд. Ҳамин фазилатҳои оливу азалии Роҳбари хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштии миллӣ ҳидоят намуда, аз баракати иқдомоти беназиру судовари Сардори давлат дастовардҳо дар ҳама соҳа  рӯ ба афзоиш овард.

Пешвои миллат бо ҷасорати хос ва беназир, бо вуҷуди фузун будани садду камбудиҳо  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафҳои стратегӣ эълон намуданд. Эътироф бояд кард, ки даст­овардҳои минбаъда аз ин ибтикор маншаъ гирифтаанд.

Ба шарофати ин иқдомҳо замина фароҳам омад, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021  зиёд шавад.  Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ тамоюли афзоишро касб намуда, ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид.

Мақому манзалати бениҳоят баланди  Пешвои миллат ҳамчун абармарди олами сиёсат замина фароҳам овард, ки дар давраи зикршуда бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи умумии беш аз 91 миллиард сомонӣ зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, бахусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, маориф ва тандурустӣ, инчунин, энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо, амалӣ  шуд.

Ба шарофати ташаббускорӣ ва дур­андешии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии иқтисоди кишвар ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла, ангишт, масолеҳи сохт­мон, бахусус, семент ва анвои маҳсулоти ғизоӣ, бартараф гардида, барои содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам омад.

Ба хотири расидан ба ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад ва робита зарур буд.  Бо ибтикори Роҳбари мамлакат беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, ҳоло корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба бунёди роҳҳо идома доранд.

Иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо неругоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб — Шимол», хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» дастовардҳои соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб мераванд, ки дар саргаҳи онҳо Пешвои миллат қарор доранд.

Дар заминаи таваҷҷуҳу дастгирии Президенти ҷумҳурӣ маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар афзуда, беш аз 3 ҳазор бинои нави таълимӣ барои 1 миллиону 270 ҳазор ҷои нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуд.   Маблағгузории соҳаи тандурус­тӣ низ сол ба сол зиёд гардида, дар 20 соли охир беш аз 16 миллиард сомониро ташкил кард. Дар ин давра барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат зиёда аз 2550 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд бо хислати нек ва  иродаи  фӯлодин. Дар қӯраи зиндагӣ ба маънои томаш обутоб ёфтаанд. Бале, баъзан тунд мегӯянд, дар кор сахт мегиранд. Чун якдилу яксифату якрӯанд, аз найранг, дурӯягӣ, ҳаромхории касон ба шӯр меоянд ва иҷрои супоришро сахт мепурсанд. Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки  ин шеваи рафтори он кас боиси пешрафти кишвар гардид.

Дар наворҳои расонаинамудаи Хадамоти матбуоти Президент дидем, ки бо пайвандону дӯстон ва шогирдон ҳазлу шӯхӣ мекунанд, аз лутфи латифи дӯстон кӯдаквор завқ мебаранд. Аз умқи дил беғаш механданд. Дар муносибат бо ҳар як фарди Ватан боэҳтироманду ба ғаму шодии онҳо шарик мебошанд. Бениҳоят қадршиносанд. То ҳадде, ки зимни суханрониашон вобаста ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз доштанд: «Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар солҳои вазнин бо ман ҳамкорӣ карданд, миннатдорам ва ба ҳар яки онҳо камоли умру давлати пирӣ орзумандам. Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон — истиқлолияту озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем».

Дар тарбияи фарзандон, воқеан ҳам, шахси муваффақ мебошанд. Қаблан навишта будам, ки мактаби дигаре ҳаст, ки мутаассифона  то ин вақт аз мадди назари коршиносон ва мубаллиғони Ҳукумат дур мондааст. Ин мактаби тарбияи фарзанд буда, падидаи ҷадид, намунаи ибрат, шоистаи пайравӣ ва арзандаи ситоиш аст. Бидуни муболиға муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори мактаби беназири тарбияи фарзанд мебошанд, ки аз файзи он соҳаҳои гуногун баракат ёфта истодаанд. Фарзандони Пешвои миллат ҳоло на танҳо фахри волидонанд, балки бо хизмати софдилона дар ҷомеа обрӯю мартабаи бениҳоят баланд  доранд.

Мутаассифона, ҳастанд ба ном мухолифон, вале дар асл нотавонбинони Пешво, миллат ва давлат, ки ҳама амалашон муғризона аст. Хуб дарк менамоям, ки пешравиҳои кишвари азизи мо барои инҳо мисли кордест, ки ба гӯшту нохунашон расидааст,  хорест, ки муназзам ба дидагонашон мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулӯяшон дармонда. Табиист, ки бо ҳар роҳу васила мехоҳанд «интиқод» кунанд. Миёни мардум маҳбубияти зиёд доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рашкашон аст.

Ин тоифа ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд нодида гиранд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи ин абармард сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузош­та шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.

Инчунин, таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Дар ҳоле ки нотавонбинон бо мусоидати хоҷаҳояшон пайи тахриби кишвар тасмим доранд, шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Тоҷику тоҷикистониён аз он ифтихорманданд, ки саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаклгирӣ ва  пешрафту такомули самтгирии ҷаҳони муосир муассир аст. Пешниҳодҳои Пешвои миллат, ки дар суханрониҳояшон зимни баргузории чорабиниҳои гуногун дар ақсои олам ироа шуданд, барои болоравии мақому манзалати кишвар  дар арсаи байналмилалӣ, ҳалли мушкилоти обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ғайра таҳрик бахшиданд.

Фахр менамоем, ки давлати ҷавони мо ба  созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ғайра шомил ва хеле фаъолу ташаб­бускор аст.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки Роҳбари давлати мо муаллифи чор ташаббуси бузург — «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» (2018 – 2028) мебошанд.  Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки суханони пурҳикмат ва пешниҳодҳои муҳиму созандаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон айни замон сармашқи кори сарони аксар кишварҳо дар арсаи байналмилалист. Боке нест, агар чанд нотавонбине дастовардҳоро нодида гиранд

Хулоса ин аст, ки дар давоми  давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои созандаашон дар заминаи нияти нек ва азми қавӣ тат­биқ ёфта, ин раванд бардавом аст. Маҳз ин даст­овардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд.

Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем, зеро эътироф  ва арҷгузорӣ  намудан оини ҷавонмардист.

Далер АБДУЛЛО,

муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»