Иловаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва 70 — солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
1 сентябри соли 2015, шаҳри Кӯлоб
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло мехоҳам баъзе андешаҳои худро доир ба вазъи молиявию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, инчунин таъсири он ба иқтисодиёти кишвари мо ва чораҳое, ки аз ҷониби мо бояд дар самти кам кардани таъсири манфии вазъи баамаломада андешида шаванд, баён намоям.
Солҳои охир ва хусусан соли ҷорӣ, таъсири вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳонӣ, коҳишёбии суръати рушди иқтисодӣ ва қурби асъори миллии шарикони асосии тиҷоратии кишвари мо, тағйирёбии нархи молу маҳсулоти асосии содиротиву воридотӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакати мо идома дорад. Ин раванд ба фаъолияти соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда, низоми молия ва бонк, қурби пули миллӣ, ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ ва даромадҳои пулии аҳолӣ таъсири манфии худро расонида истодааст.
Ҳукумати мамлакат барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти ватанӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад. Вобаста ба ин, ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди мусбати соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тамоми кӯшиши худро ба истифодаи васеи имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷудаи кишвар барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, диверсификатсияи истеҳсолот ва тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона намоянд.
Илова бар ин, бо дарназардошти вобастагии рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат аз тағйирёбии вазъи иқтисодии шарикони асосии тиҷоратӣ, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои давлатӣ ва ҷалбшударо барои татбиқи афзалиятҳои рушд, инчунин иҷрои Буҷети давлатии соли 2015, уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллиро таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати хароҷоти самараноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ кардани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ, исрофкорӣ ва дигар чорабиниҳое, ки дар шароити имрӯза афзалият надоранд, тадбирҳо андешанд. Ҳамчунин зарур аст, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат бо истифода аз имкониятҳои воқеии кишвар барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, бо роҳи коркарди ҳар чӣ пурраи ашёи хоми ватанӣ ва ба ин восита ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳоло мо бо мақсади фароҳам овардани шаклҳои пешқадами хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва умуман дар ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ ба раванди рушд ва таъсиси муассисаҳои ҳозиразамони шакли моликияташон гуногун ва таҳкими пояи моддию техникии онҳо суръат бахшида истодаем.
Дар робита ба ин, дар доираи тадбирҳои иловагии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, ки таъсири манфии буҳрон ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар чӣ камтар карда шавад.
Дар баробари ин, дар шароити бамиёномада ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва мардуми кишварро бори дигар огоҳ месозам, ки ба сарфаю сариштакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ худдорӣ намоянд.
Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва гармшавии иқлими сайёра нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ торафт боло рафта истодааст. Вобаста ба ин, мо чанд сол инҷониб мардумро огоҳ карда истодаем, ки ҳар оила бояд захираи на камтар аз дусолаи маводи озуқаро дошта бошад. Ин масъаларо ҳаргиз фаромӯш набояд кард.
Хусусан имсол, ки ҳосили ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзӣ фаровон шуда, нарх дар бозорҳо низ муътадил аст. Зарур аст, ки аз ин имконият ҳар як оила хуб истифода намояд.
Вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо соҳибкорон ва мардум барои ҳар чӣ бештар таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коргоҳу марказҳои хизматрасонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, умуман рушди соҳибкории хурду миёна ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ чораҷӯӣ намоянд.
Чунонки ҳамватанони азизи мо медонанд, Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ аз тағйирёбии иқлими сайёра қариб дар ҳамаи фаслҳои сол осеб мебинад. Яъне, дар фасли зимистон аз камшавии оби дарёҳо ва захираи об дар обанборҳо ба норасоии шадиди неруи барқ дучор мешавем.
Дар фасли баҳору тобистон фаромадани тарма ва омадани сел ба манзилҳои зисти аҳолӣ, соҳаи кишоварзӣ ва иншооти иҷтимоиву коммуникатсионӣ зиёни калон мерасонад.
Чанде пеш бар асари якбора гарм шудани ҳаво ва босуръат об шудани пиряхҳо дар ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чандин ноҳияҳои дигари кишвар офати табиӣ рух дод, ки натиҷаи бевоситаи гармшавии иқлими сайёра аст. Мутаассифона, ин офати табиӣ дар баробари ҳалокати чандин нафар шаҳрвандони мо ба хонаҳои сокинон, заминҳои кишт, инчунин иншооти иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ хисороти зиёди моливу моддӣ расонид.
Мувофиқи ҳисоби мутахассисон, зарари моддии ба кишвар расонидашуда қариб як миллиард сомониро ташкил медиҳад ва барои анҷом додани корҳои барқарорсозӣ, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунӣ дар солҳои наздик се миллиард сомонӣ лозим мешавад.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳар чӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст, то ки дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо, дар муҳлати кӯтоҳтарин барқарор ва зиндагии муқаррарии мардум таъмин карда шавад.
Мехоҳам ба мардуми шарифи Тоҷикистон махсус таъкид намоям, ки имсол эҳтимоли бисёр сард омадани тирамоҳу зимистон мавҷуд аст, зеро тибқи мушоҳидаҳо ва таҷрибаи мардуми калонсоли мо соле, ки тобистонаш бисёр гарм омад, зимистонаш сарду тӯлонӣ мешавад.
Бо мақсади омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 -2016» таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ шудааст. Вале хотирнишон месозам, ки ҳалли ин масъала танҳо аз сохторҳои давлатӣ вобаста набуда, аз тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ низ вобастагӣ дорад.
Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳар як оила бояд ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба тирамоҳу зимистони дарпешистода аз тайёрии хонаву манзили зист сар карда, барои захира кардани маҳсулоти озуқа, маводи сӯхт, тухмӣ ва пурра омода намудани тамоми муассисаву иншооти аҳамияти иҷтимоидошта, дар навбати аввал, мактабу беморхонаҳо, роҳҳо, шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва монанди инҳо чораҳои бетаъхир андешанд.
Бо истифода аз фурсат, таваҷҷуҳи ҳамватанони азиз ва шумо, ҳозирини гиромӣ, аз ҷумла донишҷӯён ва ҷавонони кишварро бори дигар ба масъалаи тарбияи фарзандон, пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб менамоям.
Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон босуръат доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.
Торафт афзоиш пайдо кардани нуфузи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар Сурия, Ироқ ва қаламрави баъзе кишварҳои дигар, инчунин ваҳшонияти асримиёнагии онҳо ба масъалаи глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.
Ҳамроҳ шудани баъзе шаҳрвандони мо ба чунин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҳар яки моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва вабои аср ҷиддӣ ва дастҷамъона кор кунем ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатбор эмин нигоҳ дорем. Мо бояд коре кунем, ки ҷавонони мо гирифтори доми фиреби гурӯҳҳои бегонаи манфиатҷӯй нагарданд.
Мо ба ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд фаҳмонем, ки онҳо бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки номи дини мубини исломро доғдор месозанд, хуб дарк кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи Ватан аз таҳдиди хатарҳои муосир омода бошанд.
Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, оид ба дин ва танзими расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламои Маркази исломӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои куҳансолонро бори дигар вазифадор месозам, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳли ҷомеа ва хусусан, дар байни ҷавонон пурзӯр намоянд.
Ҳамаи падару модарон, пиронсолон, фаъолони шаҳру деҳот, устодону омӯзгорон ва аҳли зиёро бори дигар даъват менамоям, ки ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва созандагӣ ба камол расонидани онҳо ҷиддӣ муносибат кунанд.
Ҷавонони мо бояд ҳамаи саъю талоши худро ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар равона созанд, то ояндаи сазовори ин Ватан ва ин сарзамини муқаддас, яъне Тоҷикистони азизамон гарданд.
Такроран хотирнишон месозам, ки мо – ҳама хурду бузурги кишвар вазифадорем шукронаи истиқлолият, яъне неъмати бебаҳои тақдирро ба ҷо орем, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва беҳтар гардонидани некуаҳволии халқи азизамон бошем.
Саломат бошед!