Ба 447 нафар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумакҳои Пешвои миллат супорида шуд

№50 (3687) 09.05.2017

8721604649_bc73326a96_oБояд зикр кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳар кадом иштирокчии ҷанг ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуданд, ки онҳоро роҳбарони вазорату идора, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба соҳибонашон расониданд.

Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур доданд, ки бо дарназардошти имконот ба таври иловагӣ ба собиқадорони ҷанг кумак расонанд.

Бино ба маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, имрӯз дар мамлакат 447 нафар собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 зиндагӣ мекунанд.

Ҷавонтарини онҳо Леокадия Ковтуни 90-сола аст, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ истиқомат дорад.