Ба аҳли оилаи модари ҷавон хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо шуд

№17 (3318) 07.02.2015

Панҷуми феврали соли 2015 бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кардааст, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.

Кӯдакони чоргоники модари 26-сола Гулшан Маҷнунова, ки яке писар ва сеи дигар духтар мебошанд, дар таваллудхонаи сеюми шаҳри Душанбе ба дунё омадаанд. Хабари ҷудо шудани хонаи сеҳуҷрагӣ ва мавриди ғамхорӣ қарор додани ин оила ба Гулшан Маҷнунова аз ҷониби муовини Сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода ва дигар шахсони расмӣ, ки ба табрики ӯ омаданд, расонида шуд.

Ин модари ҷавон ва аҳли хонаводааш, пеш аз ҳама, аз сиҳату саломат таваллуд шудани чор кӯдак ва албатта, аз чунин туҳфаи саховатмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, яъне хонаи сеҳуҷрагӣ, басо шоду мамнун шудаанд. Падари Гулшан Аҳлиддин Маҷнунов низ аз таваллуди наберагони чоргоник ва ғамхории Президенти кишвар хушҳолу сипосгузор аст ва ба рӯзи эълони Соли оила рост омадани таваллуди ин кӯдакони дӯстрӯякро фоли наку меномад.

Ба гуфти табибони таваллудхонаи сеюми шаҳри Душанбе, ба дунё омадани чоргоникҳо ва бахусус солиму бардам таваллуд шудани онҳо падидаи нодир аст. Онҳо басо хурсанданд, ки таваллуди чоргоникҳо ва он ҳам дар рӯзи Соли оила эълон шудани соли 2015 ба ин таваллудхона насиб гардидааст.

Тавре иттилоъ доданд, барои солиму бардам ба дунё омадани ин кӯдакон модари онҳо тайи қариб ду моҳ дар ҳамин таваллудхона таҳти назорати табибони ботаҷриба қарор доштааст, зеро вазни умумии чор кӯдак ҳангоми таваллуд ба 7,9 кг баробар будааст.

www.president.tj