Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Пешвои миллат

№159 (4579) 27.12.2022

24-уми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳо “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи савдои электронӣ”, “Дар бораи  тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  савдои электронӣ” ба рушди хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва амалиёти ғайринақдӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ ва таъмини фаъолияти онҳо нигронда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” ба ҳамгироии илм ва истеҳсолот, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илму техника ва дар маҷмӯъ барои саноатикунонии босуръати кишвар равона шудааст.

Кодекси маданӣ бо назардошти талаботи замони муосир, дигаргунӣ ва пешравиҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳия ва қабул гардидааст.

Қонунҳои қабулгардида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.