18 июли соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими фаъолияти ин мақомот ва мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, баланд бардоштани масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Ҳукумати кишвар равона гардидаанд. Муқаррар шудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Дар навбати худ, ба даст овардани шаҳрвандии давлати дигар асос барои қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат мегардад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба табиат зимни фаъолияти хоҷагидорӣ қабул гардида, тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатиро дар ин соҳа муайян мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сайёҳии дохилиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароит ба рушди соҳа нигаронида шудааст.
Дар қонун низоми сайёҳии дохилӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии давлатии рушди соҳа, тартиби ташкили хизматрасонӣ дар соҳаи туризми дохилӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонӣ ва сайёҳон, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар паҳлуҳои он танзим гардидааст.
Қонунҳои ба имзорасида ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона гардидаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.
www.president.tj