Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти мамлакат

№37-38 (4620-4621) 15.03.2023

Понздаҳуми марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳо «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо оид ба ҳимояи рақобат, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои қабулгардида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии ҷинояткорӣ, рушди ҳуҷҷатҳои электронӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот интишор мешаванд.

www.president.tj