1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Панҷ бинои 5-ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сайдаҳмад Мараҷабов дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.
Иншооти баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз 2 бино иборат аст, дорои 51 хона, аз ҷумла 23 хонаи якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ ва 10 хонаи сеҳуҷрагӣ мебошад.
Дар ошёнаи 1-ум марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир аст, ки барои нуқтаҳои фуруши шириниҳо ва дигар молҳои ниёзи мардум пешбинӣ гардидааст.
Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои зист ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар самти бунёдкорию ободонӣ шоиста арзёбӣ намуданд.
Оилаҳои ҷавоне, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону бепарасторон дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ бо 122 нафар ятимону бепарасторон, ки аз 7 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳам омадаанд, суҳбати самимона анҷом дода, ҳар яки онҳоро бо туҳфаҳои арзанда, ки аз китоб, сару либоси зимистона ва кумакҳои молиявӣ иборат буд, қадрдонӣ намуданд.