16-уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хонаҳои навбунёдро, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд, ба истифода доданд.
Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои нави истиқоматиро ба соҳибонашон супорида, аз шароити маишии ҳуҷраҳо дидан намуданд.
Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ дохили онҳо оро ёфтааст.
Тамоми шароити зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст. Оилаҳое, ки дар ин рӯз сохтмони хонаҳои истиқоматиашон анҷом ёфтааст, бо тамоми ҷиҳоз аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин, ва дигар ашёи рӯзгор таъмин гардиданд.
Дар мавзеъи нав барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида беш аз 1 гектар замин ҷудо шуда, барои 10 оила хонаи истиқоматӣ, бо дарназардошти тамоми шароит бунёд ёфтааст.
Корҳои сохтмонӣ бо дастгирӣ ва таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар муҳлати 1 моҳ пурра бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Тибқи иттилоъ ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 6 садяк замин ҷудо шуда, бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои зисту зиндагонӣ муҳайё мебошад.
Хати алоҳидаи барқ, оби нӯшокӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард, аз ҷумлаи дигар корҳое ба шумор мераванд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба анҷом расидааст.
Сарвари давлат зимни боздид ва суҳбатҳои самимӣ бо соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагонӣ, пурра барқарор намудани хисороти расонидашуда ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо тамоми ҷиҳоз ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Сокинон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои расонидани кӯмакҳои саривақтӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид дар шаҳраки муваққатии истиқоматӣ, таъмин намудан бо хурду хӯрок ва дигар ҷиҳози зарурӣ изҳори миннатдории бепоён намуданд ва иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ онҳо хуб эҳсос намуданд, ки танҳо нестанд.
Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз 27 июни соли равон ба муддати чанд рӯз пайи ҳам фаромадани сел дар деҳаи Меденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд.
Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ хушбахтона дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор карда шуд.
Кӯмаки саривақтии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба он боис гардид, ки сохтмони манзилҳои истиқоматӣ саривақт оғоз гардида, бо сифати баланд ва аз рӯи стандартҳои муосири меъморӣ анҷом дода шавад.
Дар назди хонаҳои истиқоматӣ барои истироҳату фароғати сокинони деҳаи Анҷин майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон сохта шудааст.
Дарозии майдончаи варзишӣ 30 ва паҳноиаш 20 метр буда, барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бисёр мувофиқ мебошад.