5 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ коргоҳи муосири дӯзандагӣ ва ҳунармандиро, ки яке аз бандҳои тарҳрезишуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи мазкур дар масоҳати 195 метри мураббаъ бунёд шудааст. Бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ сохта ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, хусусан дар деҳоти дурдаст ва фароҳамсозии инфрасохтори зарурӣ аз талаботи замон буда, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла панҷсолаи рушди саноат мусоидат менамояд.
Ташаббуси мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Маъруф Мелиев рӯи даст гирифта шудаааст.
Корҳои бунёдӣ дар иншоот моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд. Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ бо 16 мошинаи дарздӯзӣ, дастгоҳҳои ороишдиҳанда ва дигар таҳҷизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки бо ба истифода додани ин коргоҳ 20 нафар ҷавондухтарону бонувони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардида, ҳамчунин ҷиҳати соҳибкасб гардидани хоҳишмандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ва суҳбат бо чеварон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорро дар самти дастгирӣ ва ҳамоҳангӣ аз ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат неку муассир арзёбӣ карданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ либосҳои ягонаи мактабӣ, тиббӣ, номгӯи гуногуни либосҳои занонаву мардона, либосҳои арусию ҷашнӣ ва ҷиҳози хона барои манзили зисту корхонаҳо мувофиқи дархости мизоҷон омода мегардад.
Сарвари давлат ба ҳунармандон барои дастгирии ҳамешагии аз иқдомоти Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, онҳоро барои соҳибкасб намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ин қишри ҷомеа ҳидоят намуданд.
Дар иртибот ба ин бонувони деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат ва фароҳамсозии шароити кору фаъолият дар минтақаҳои дурдаст изҳори миннатдорӣ карданд. Онҳо ваъда доданд, ки минбаъд низ дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат фаъолият карда, дар ҷодаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.