Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар мамлакат нахустин буда, дар коргоҳ ҳунармандони тоҷик дар якҷоягӣ бо ҳунармандони кишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Узбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳои хуштарҳ машғуланд.
Дар коргоҳи қолинбофӣ 14 нафар занону духтарон бо омезиш додани тору пуд дар қолинҳо нақш меофаранд. Барои омода намудани як қолини дастибоф мувофиқ ба ҳаҷмаш то 6 моҳ ва зиёда аз он вақт сарф мешавад. Ба коргоҳ 14 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон ворид карда шудааст. Ҳунари дастӣ, ки заҳмати бештарро талаб мекунад, ҳамеша харидорони зиёд дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар равона шуд. Бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат садҳо марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ ташкил гардида, дар самти соҳибкасб шудани занону духтарони бешуғл замина фароҳам оварда шуд.
Бино ба маълумоти оморӣ дар вилояти Суғд 283 маркази ҳунармандӣ амал мекунад. Маҳсули ҳунари дастии ҳунармадонро асосан сайёҳон, ки ба Тоҷикистон ташрифашон сол аз сол зиёд мегардад, ҳамчун армуғон харидорӣ мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳунармандони коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ҳунармандони шаҳри Марғелони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ба маҳсули ҳунари дасти ин бонувон баҳои баланд дода, барои рушди ҳунари қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ масъулинро вазифадор намуданд.