24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳҳои истеҳсолии варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, “Солҳои рушди саноат” солҳои 2022 — 2026 ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ, бародарон Табаровҳо бунёд гардидааст.
Бо таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ зиёда аз 100 нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла занону духтарони хонашини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо истифода аз дастгоҳу технологияи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон имкон аст, ки дар як шабонарӯз 6 ҳазор ва дар як сол 2 миллион метри мураббаъ масолеҳи баландсифати сохтмонӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ омода карда шавад.
Ба иттилои масъулон оянда бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ин нишондод дар як сол то ба 3 миллион метри мураббаъ варақаҳои гаҷӣ расонда хоҳад шуд.
Технология ва хатҳои истеҳсолии коргоҳ аз кишварҳои мутараққии дунё ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардида, идора карда мешаванд. Ашёи хом барои истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ асосан маҳсулоти табиии маҳаллӣ мебошанд.
Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи муосири навбунёд бо дарназардошти истифодаи ашёи табиӣ, ба саломатӣ безарар буда, ивазкунандаи воридот мебошад. Варақаҳои гаҷӣ дар марҳилаи аввал бо андозаи 1,20 ба 2,5 метр ва ғафсии 9,5 миллиметр истеҳсол мешаванд, ки асосан барои сақфи иншооти гуногун пешбинӣ гардидаанд.
Фаъолияти коргоҳи сангҳои ороишӣ дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” бо истифода аз технологияи насли нав ва коркарди ашёи хоми худӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти аълосифат омода мегардад.
Таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ рақамии ҳозиразамон буда, мутахассисони варзидаи ватанӣ бо истифода аз сангҳои табиии кӯҳҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Файзобод се навъ маҳсулоти ороишӣ, аз ҷумла кабуд, сафед ва сурхро бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ омода мекунанд.
Маҳсулоти ниҳоии коргоҳ аз лиҳози сифат мустаҳкаму устувор буда, ба саломатӣ безарар мебошад.
Дар коргоҳи сангҳои ороишии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” имкон аст, ки бо суфтакунӣ ва коркарди 1000 метри мукааб сангҳои табиӣ дар як сол 8 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти ороишӣ барои девору роҳрав ва гулгаштҳо омода карда шавад.
Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар назди Корхонаи “Нурсоз” бо дарназардошти қонеъ сохтани талаботи дохилӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шудааст.
Дар ин коргоҳ асосан истеҳсоли ширеш, шпаклевка, ротбанд ва гаҷ бо истифода аз имконоти мавҷуда асосан бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ амалӣ мегардад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 800 тонна маҳсулоти босифати сохтмонӣ мебошад.
Барои кормандони муҳандисию техникӣ ҳамчунин бинои маъмурӣ бо ҳуҷраҳои корӣ ва ошхона бо 25 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ то марҳилаи ниҳоӣ шоёни таҳсин ва намуна арзёбӣ карда, бо назардошти зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар мамлакат, ба масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот маслиҳатҳои судманд доданд.