18-уми ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назар»-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи бештар аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.
Пешвои миллат бо ишора ба саҳми бонувон дар рушди соҳибкорӣ, таъкид карданд, ки ҳар иқдоми дар ҳар як самт анҷомдодаи занон шоёни дастгирист. Ба роҳбарияти корхона тавсия доданд, ки ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, дар таъмини фаровонии бозор саҳмгузор бошанд.
Раванди истеҳсолот дар ин корхона қариб ҳамаи зинаҳои парандапарвариро дар бар гирифта, тариқи наслгирии инкубаторӣ аз як тухмхобонӣ қариб 270 ҳазор чӯҷа гирифта мешавад.
Минбаъд парвариши чӯҷаҳо идома дода шуда, асосан ба истеҳсоли гӯшт равона карда мешаванд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар ҷамъият беш аз 250 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад. Таъкид гардид, ки ҶДММ «Назар» бо тамғаи молии “Далерон” яке аз калонтарин корхонаҳои вилояти Суғд аст, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ саҳми намоён дорад.
Нақши корхона дар татбиқи Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бориз аст.
Барои васеъ намудани самти фаъолият ва зиёд кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар ҷамъият аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок истифода мешавад.
Дар ин корхона истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда низ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат баробар ба 5 тонна мебошад.
Ширкати мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти босамар дошта, дар он зиёда аз 150 нафар ба кор ҷалб шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки парандапарварӣ тайи солҳои охир яке аз соҳаҳои рӯ ба рушди бахши кишоварзӣ дониста мешавад. Он соҳаи самаранок ва сермаҳсул буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад, нақши калидӣ дорад.
Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд қариб 150 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки ҳиссаи онҳо дар таъмини аҳолӣ бо гӯшт ва тухми паранда барҷаста мебошад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 13 миллион сар паранда парвариш мешавад, ки 5,5 миллиони онро мурғи гӯшти ташкил медиҳад. Дар натиҷаи татбиқи амалии Барномаи маҷмаавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023- 2029 пешрафти ин бахши муҳим ба назар мерасад. Дар заминаи ҳамин барнома воридоти гӯшт ва тухми паранда 6-7 маротиба коҳиш ёфтааст. Солҳои қаблӣ 150 ҳазор тонна гушти паранда аз берун ворид мешуд, ҳоло ин нишондод то ба 2 ҳазор тонна расонида шудааст. Дар соли равон 1 миллиарду 300 миллион дона тухм истеҳсол шудааст ва кишвари мо ба содироти ин маҳсулот ба хориҷа шуруъ намудааст.