Ба истифода додани корхонаи «Сайри Суғд» дар шаҳри Хуҷанд

№ 19.11.2024

54150514783_44d94a3dca_bДар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи «Сайри Суғд» -ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи «Сайри Суғд» дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров бо маблағи 23 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар он 15 нафар бинокорони маҳаллӣ ҷалб шуда буданд.

Дар корхонаи «Сайри Суғд» бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад.

Роҳандозии истеҳсоли ин гуна нақлиёт лорои манфиати зиёд аст, зеро ҳам талаботи мардум ба он афзоиш дорад ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ барои ҳифзи покизагии муҳити зист судбахш мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки тамғаҳои мазкур бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият доранд ва тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд.

Дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст. Ду дастгоҳи он, ки барои буридану насби қисмҳо истифода мешаванд, ба таври автоматикӣ ва ё тариқи робот идора мешаванд.

Як қисмати ашёи хом чун моддаҳои пластикӣ аз хориҷи кишвар дастрас мегарданд. Ашёи хоми асосӣ, яъне фулузоти оҳан ватанӣ аст.

Мотороллерҳои барқии «Сайри Суғд» ба хориҷи кишвар ҳам содирот мешавад ва тибқи иттилои роҳбари корхона самтҳои содирот ояднаи наздик бештар хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки талаботи ҷаҳони имрӯза ба истеҳсоли ҳама гуна молу маҳсулот бо истифода аз технологияҳои сабз ба роҳ монда шудааст ва барои пурра ба ин сатҳ расонидани кор мутахассисон бояд донишҳои мукаммал дошта, таҷрибаи худро ҳарчи бештар ғанӣ гардонанд.

Бояд тазаккур дод, ки сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ имконоту шароити фаррох фароҳам овард то онҳо фаъолияти озод дошта, ба болоравии иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии мардум ба таври мусбату назаррас мусоидат намоянд.

Ин аст, ки имрӯз молу маҳсулоти Тоҷикистон бо тамғаи “Made in Tajikistan” батадриҷ барои худ ба бозори ҷаҳонӣ роҳ мекушоянд ва умед аст, ки ояндаи наздик ин раванд боз ҳаам тақвият хоҳад ёфт.