Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020

Ба ояндаи дурахшон бо Эмомалӣ Раҳмон

№126 (4232) 09.10.2020

DSC_0969Дар робита ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, бо муовини раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон дар Маҷлиси намояндагон, доктори илмҳои иқтисодӣ Назирӣ Гулбаҳор Назир ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Барои расидан ба ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» унвон дорад, ҳалли кадом масъалаҳо зарур шуморида мешавад? Инчунин, нақшаҳои барномавии ҳафт соли минбаъда кадом масъалаҳоро дар бар мегиранд?

- Воқеан, Барномаи пешазинтихоботии номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби президентӣ фарогири ҳама соҳа буда, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Яке аз масъалаҳои асосӣ, ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодист. Нақшаҳо дар доираи чор ҳадафи стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан, ҳифзи таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ мешаванд. Ҳадафҳои зикршуда, инчунин, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Дар ҳафт соли оянда мақсад гузошта шудааст, ки иқтидорҳои мавҷуда сафарбар, рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин ва дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд карда, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин, вазъи соҳаҳои афзалиятдош­таи кишвар, аз ҷумла, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигар беҳбудӣ ёфта, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварда мешавад.

Мардуми кишвар хуб эҳсос менамоянд, ки танҳо бо Сарвари бузургдилу бошуҷоат, ваҳдатофару халқпарвар давлати тавоно, амнияти ҷомеа ва тараққиёти мунтазами соҳаҳоро таъмин кардан имконпазир аст ва шукрона аз он доранд, ки баъди ҳукмфармо шудани сулҳу субот иқдоми ба сокинон тақсим кардани 75 ҳазор гектар замин аз ҷониби Сарвари давлат онҳоро аз гуруснагӣ наҷот бахшид. Он заминҳо то ҳол байни мардум бо истилоҳи «замини президентӣ» маъруфанд. Бунёди беш аз 1000 километр роҳу нақбҳо, тармиму таъмири роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу дохилӣ ва ба ин васила берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тавассути бунёди 150 неругоҳи хурду бузург, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда -1» ва «Сангтӯда- 2», «Помир», азнавсозию барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии бузурги «Норак» ва «Қайроққум» ва ниҳоят, ба кор даромадани ду агрегати Неругоҳи барқи обии  бузурги аср – «Роғун», таъмини амнияти озуқаворӣ бо истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна ғаллагиҳо ва картошка, табдили хоҷагиҳои калонҳаҷм ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ – аграрӣ – табдил додани мамлакат аз ҷумлаи роҳҳои расидан ба ҳадафҳои олӣ — ҳадафҳои стратегии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки дар муҳлати ками даврони соҳибистиқлолӣ амалӣ намуданд.

 - Нақшаҳои барномавӣ амалӣ намудани кадом тадбирҳоро тақозо менамоянд?

36760741234_6acbe2cff3_o- Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати оқилонаву дурбинона ва ба бунёдкорию созандагӣ нигаронидашудаи Пешвои миллат барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ, рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан, иқтисодиёт, афзалияти бештар додан ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ноил гардидан ба озодии комили сиёсӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва мазҳабию фарҳангӣ ва дар умум, ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат, корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар ҳафт соли оянда муҳимтарин масъалаҳои иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд. Тавре дар барнома қайд гардидааст, ин давра дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ афзалият дода мешавад:

- таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

- афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат;

- расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миё­на.

Тавре дар боло ишора рафт, ҷавҳари Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии мардум ташкил медиҳад. Ба ин хотир, ҳоло татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегӣ идома доранд. Таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва соҳибихтиёриву озодии комили сиёсӣ аз бисёр ҷиҳат ба рушди иқтисодӣ вобаста аст, зеро рушди дигар соҳаҳо маҳз ба туфайли рушди иқтисодиёт таъмин мегардад. Ҳар қадар давлат аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта гардад, ҳамон андоза сатҳу сифати зиндагии халқ боло меравад ва неруи мудофиавии кишвар тақвият меёбад.

Махсусан, рушди саноат, ки бе татбиқи амалии се ҳадафи стратегӣ ғайриимкон аст, таҳти таваҷҷуҳ қарор дорад. Бунёди корхонаҳои хурду бузург, ки ба коркарди маҳсулоти хоми ватанӣ нигаронида шудаанд, ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои аз кор бозмонда, тавсеа бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ташкил кардани минтақаҳои саноатӣ дар кишвар, таъсис додани маҷмаа ва корхонаҳои агросаноатӣ барои зиёд намудани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, коркарди меваю сабзавот ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, бунёди марказҳои логистикӣ ва ғайра аз нақшаҳои амалии минбаъдаи номзад маҳсуб мешаванд.

Ҳадафҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз хиради воло ва фитрати модарзодиашон бармеояд, дар шароити басо мураккабу печидаи замони муосир хеле саривақтӣ аст, чунки маҳз соҳаи саноат самти муайянкунандаи рушду тараққиёти иқтисоди миллӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани мамлакат дар соҳаи саноат низ ислоҳоти доманадори фарогир татбиқ гардида истодааст.

Ҳамчунин, тибқи барномаи пешниҳодгардида, тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин ва низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва иқтисоди рақамӣ такмил мегардад. Вобаста ба захираву имконияти минтақаҳои кишвар навовариҳо ҷорӣ ва ба рушди неруи инсонӣ такони ҷиддӣ бахшида мешавад. Мувофиқи нақшаҳо, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар ҳафт соли оянда ду баробар афзоиш меёбад. Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад.

- Сиёсати пешанамудаи иқтисодӣ ба ҳалли кадом масъалаҳо мусоидат хоҳад кард?

- Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар аз ҳадафҳои ниҳоии номзад ба воситаи роҳандозии тадбирҳо дар самти иқтисодиёт маҳсуб мешавад. Дар ин масъала, татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии тараққиёти кишвар ва минтақаҳои он, аз ҷумла «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромади пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии бонкҳо ва таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявию қарзӣ, истифодаи васеи технологияҳои муосири пардохти ғайринақдӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, сабукӣ бахшидан дар раванди пардохти андоз, истифодаи технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ дар истеҳсолот бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатнокии иқтисоди миллӣ, роҳҳои нави дарёфти маблағ ба буҷет ва масъалаҳои дигаре, ки ба рушди бемайлони иқтисодиёт мусоидат мекунанд, аз ҷумлаи қисматҳои муҳими барномаи номзад маҳсуб меёбанд.

Тибқи барнома, бо мақсади рушди минбаъдаи сармоягузориву соҳибкорӣ ворид намудани технологияи муосир, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, зиёд кардани ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёти кишвар, мукаммалсозии қонунгузорӣ ҷиҳати тақвияти ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, бартараф сохтани монеаҳои маъмурию бюрократӣ, кам намудани шумораи расмиёти танзимкунанда, дар самти низоми бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва фискалӣ шароити мусоид фароҳам мегардад. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалӣ сохтани ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии соли 2013 ва таъмини фаъолияти пурсамари бахшҳои иқтисодӣ, дар маҷмӯъ, рушди устувори иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сатҳи ҳафт фоиз таъмин гардид ва соли 2020 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 87, 4 миллиард сомонӣ расид, ки дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин маҳсуб мешавад.

 - Илму маориф рушди бомаромро таъмин мекунанд. Ҷойгоҳи онҳо дар барномаи пешазинтихоботии номзад чӣ гуна аст?

- Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаи таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аз вазифаҳои муҳимтарини барномаи пешазинтихоботӣ мебошанд. Бо ин мақсад дар ҳафт соли оянда номзад идомаи татбиқи барномаҳои давлатиро дар соҳаи маориф зарур шуморида, дар самти бунёди азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, роҳандозии кабинетҳои фаннӣ, суръатбахшии раванди компютеркунонӣ дар заминаи эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», дастрасӣ ба муассисаҳои томактабӣ, дастгирии кадрҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъмин кардани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусиро бар манфиати кор медонанд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир дар мамлакат раванди таҳкимбахшии пояи моддӣ — техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм, рушди робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, фароҳам овардани замина барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ идома дорад. Бо ин мақсад, танҳо соли 2019 ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст ба итмом расид. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ, 338 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд ва дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид мегардад.

- Масоили таъминот бо ҷойи кори доимӣ, хизматрасонӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз қисматҳои муҳими барнома маҳсуб меёбанд. Барои ноил шудан ба онҳо амалӣ намудани кадом тадбирҳо пешбинӣ мегардад?

28759359645_115398c725_o- Дар барнома арзиши қимати инсонӣ, пеш аз ҳама, саломатӣ, шуғлнокии аҳолӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Аз ин рӯ, номзади ҲХДТ дар ҳафт соли оянда ният дорад, ки дар ин самт бо таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ тавассути дастгирӣ кардан ва рушд додани соҳибкории хурду миёна муваффақ шавад. Дар ин ҷода таваҷҷуҳ ба омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ, таъсиси марказҳои ҳунарӣ, курс­ҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва соҳиби касб намудани ҳар як шахси бешуғлро, роҳи расидан ба мақсад медонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ, рушди он, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосири тиббӣ дар кишвар, таъмини биноҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ аҳамияти муҳим медиҳанд. Дар ин бобат, тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ворид кардани технологияҳои нави ташхису табобат ба муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар сохтани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир, технологияҳои ҳозиразамон ва сарватҳои табиии кишвар, тараққӣ додани соҳаи дорусозӣ, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, кӯдакони маъюб ва бесаробон аз нақшаҳои амалии Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳафт соли охир (аз соли 2013 то соли 2020) дар натиҷаи таъмини сатҳи баланди рушди иқтисодиёт аз ҳисоби дастгирии сармоя­гузории давлатӣ ва қарздиҳии тиҷоратӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 то 27,5 фоиз коҳиш ёфт. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ тайи ин солҳо 1,4 маротиба паст ва мақсади дар барномаи пешазинтихоботии соли 2013 гузошташуда иҷро гардидааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат то соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ 1,5-2 маротиба афзоиш ёфта, вазни қиёсии даромад ва хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 24-25 фоиз ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз 12 то ба 16 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расид. Ин имконият дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз дуюним то се баробар зиёд гардад.

- Рушди фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот ҷузъи дигари муҳими барнома мебошанд. Барои ноил гардидан ба онҳо чӣ тадбирҳо андешида хоҳанд шуд?

- Тавре дар нахустин Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».

Бешак, дар замони истиқлолият соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб кард. Бинобар ин, дар Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди забони давлатӣ ва фарҳангу санъат, устувор намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг ва бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти онҳо қабул кардани барномаву стратегияҳои нави давлатӣ, ҳавасманд гардонидани мутахассисони соҳаҳои фарҳангу санъат ва муҳайё сохтани шароити арзанда барои истеъдодҳои ҷавон, ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат мақоми шоиста дорад. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки идомаи роҳандозии тадбирҳои Сарвари давлат — озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар самти ғановати маънавии сокинон заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Дар кишвар ҳифз кардан ва рушд бахшидани ахлоқи миллӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба шумор меравад. Хушбахтона, ба шарофати саъю кӯшиши Сарвари хирадманду фарҳангсолор тавассути баланд бардоштани ифтихори ватандорию худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва тарбияи шахсияти бонангу номуси ватандӯст, бо мақсади нигаҳдошти миллат ва арзишҳои миллӣ, дар замони ҷаҳонишавӣ, ки хавфи махлутшавӣ ва аз байн рафтани давлатҳоро амри воқеӣ гардонидааст, миллат дар пешорӯи паҳншавии ахлоқи ғайрианъанавӣ истодагарӣ карда тавонист. Дар ин роҳ ахлоқи ҳамида ва фарҳангу адаби миллӣ низ нақши бузург гузошт, яъне умумияти ахлоқии миллат тавассути онҳо ҳифз гардид ва рушди бесобиқа ёфт. Бар илова, бо дастури Пешвои миллат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз соли 2015 таълими фанни нав — «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» роҳандозӣ гардид.

- Ба масъалаҳои дастгирии ташаб­бусҳои созандаи ҷавонон, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва рушди варзиш то кадом андоза таваҷҷуҳ зоҳир шудааст?

- Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, «Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд». Ҳоло дар беш аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ, даҳҳо коллеҷу омӯзишгоҳ шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст ва барои гирифтани дониш ва касб ҷавонон мушкилӣ надоранд. Дар барномаи пешазинтихоботӣ баланд бардоштани ифтихори миллӣ, худшиносӣ, ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқ, техникаву технология, рӯ овардани онҳо ба навовариҳо ва дар ин замина, бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон мақоми шоиста дорад, илова бар ин, ҷалби ҳар чӣ бештари онҳо ба варзиш тақозо шудааст. Ба ин хотир, дар ҳафт соли охир дар шаҳру навоҳии малакат беш аз 1500 муассисаи варзишӣ, толору майдончаҳои варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар машқу тамрин мекунанд. Мақсади ниҳоии барнома дар ин самт он аст, ки ҳар чӣ бештар ҷавонон ба варзиш машғул гарданду бо дастоварҳои шоёни варзишӣ кишварро дар ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар маҳсуб меёбанд. Пешравию дастовардҳои ҷавонони тоҷик дар соҳаи варзиш самараи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат мебошад. Ин бори дигар собит месозад, ки насли ҷавони кишвар бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ роҳи интихобкардаи Пешвои миллатро дар самти ватансозиву ватандорӣ дастгирӣ менамояд. Алҳол ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гашта, сазовори унвонҳои баланд мегарданд, дар макотиби олии бонуфузи давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд ва парчамбардори давлат мебошанд.

Дар барномаи пешазинтихоботӣ, аз ҷумла, диққати асосӣ ба  маълумотнокии занону бонувон ва ба мақоми роҳбарӣ таъин намудани онҳо, шуғлнокии занон дар деҳа, талқини ҳунарҳои мардумӣ,  таҳкими оиладорӣ бо татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» равона шудааст.

Қобили қайд аст, ки солҳои охир занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб мегарданд. Тибқи маълумот, то моҳи марти соли 2020 аз шумораи умумии қариб 19000 нафар хизматчии давлатӣ 4500 нафар ё 25 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 1100 нафар ё 19 фоизи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Дар соҳаи маорифи кишвар — 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 67 ва фарҳанг 51 фоизи кормандон аз ҳисоби занон аст. Аз ҷумлаи бонувон 116 нафар дорои унвони илмии доктор, 1124 нафар номзади илм мебошанд. Ҳоло шумораи занон дар Маҷлиси намояндагон ба 24 фоиз, маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе — 41,5, вилояти Хатлон — 34,8, Суғд — 33,3, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 34,4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29,4 фоиз расидааст. Дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ беш аз 50 нафар бонувон фаъолият доранд.

Айни замон бо мақсади ҳалли мушкилоти бонувон татбиқи якчанд стратегияву консепсия ва барномаи давлатӣ идома дорад. Ҷиҳати дастгирии занону духтарони соҳибкор  ва зиёд намудани саҳми занон дар рушди иқтисоди миллӣ грантҳои президентӣ таъсис дода шудааст.

- Барои пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷӣ  ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ иҷрои кадом корҳо мувофиқи  мақсад аст?

- Дар барномаи пешазинтихоботии номзад дар ҳафт соли оянда низ сиё­сати хориҷии кишвар ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунад. Тақвияти муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯсту ҳамҷавор тибқи усулу меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ ва воқеиятҳои ҷаҳони муосир, вусъат бахшидани таҷрибаи ҳамзистии дӯстона, рушду тавсеаи робитаҳо ва ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг, технологияҳои нав, сармоягузорӣ ва такмили ниҳодҳои демократӣ, идома додани робитаҳои муассир бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ ва зерсохторҳои он, ҷиҳати пешбурди дипломатияи иқтисодӣ ва манфиатҳои иқтисодии кишвар густариш додани робитаҳои судманд бо шарикони рушду стратегӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон, ба таври шоиста муаррифӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозӣ намудани дипломатияи фарҳангӣ ва инсонӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ, таҳким бахшидан ба дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатӣ, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба ҳаёти фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикис­тон, ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар номгӯйи нопурраи ин чораандешиҳост.

Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалиро ташкил медиҳад, Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардидаву эътибор пайдо кардааст.  Акнун 192 давлати дунё Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол мешиносанд. Айни замон кишвар бо 176 давлати ҷаҳон равобити дипломатӣ  барқарор кардааст.

Бо ифтихори баланди ватандорӣ бояд қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ташкилотҳои бонуфузи дунё, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар пешбарии масъалаҳои марбут ба захираҳои об эътироф менамоянд. Тоҷикистон муаллифи аксар ташаббусу қатъномаҳои марбут ба оби Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад.

Дар интиҳо, бо боварии комил иброз медорам, ки дар интихоботи дарпешистода баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ мардуми Тоҷикистон бо самимияту садоқат рисолатро иҷро ва сиёсати пешгирифтаи бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  пурра ҷонибдорӣ менамоянд.

Мусоҳибон

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»