Барқияҳои шодбошӣ

№73 (3219) 04.07.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сеюми июли соли 2014 унвонии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Александр Григоревич!

Ман аз он сарфарозам, ки ба ифтихори солгарди Ҷашни миллии Беларус аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самимию содиқона мефиристам. Мо ба сатҳи ҳамкориҳои кишварҳоямон, ки тӯли солҳои охир марҳилаи сифатан навро дар тавсеаю таҳким ва дар асоси принсипҳои якдигарфаҳмию эътимод рушд мекунад, баҳои баланд медиҳем. Умед дорам, ки қарорҳои қабулнамудаи мо зимни сафари расмиям, ки чанде қабл ба кишвари зебои Шумо сурат гирифт, такони наверо дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон ба бор меорад.

Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани ин қарордодҳо ба хотири таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносиботи дуҷониба аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, тандурустии комил, хушбахтӣ, комёбӣ баҳри амалӣ намудани мақсадҳоятон дар шукуфоии Ҷумҳурии Беларус ва барои халқи бародари Беларус дастоварду пешрафт ва шукуфоиро таманно менамоям».

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чоруми июли соли 2014 ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Сарфарозам, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва тамоми мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рӯзи истиқлолият сидқан табрик ва таҳният гӯям.

Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро бо Амрико яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Аз ин рӯ, мо ба рушди муносибатҳои худ бо Иёлоти Муттаҳида таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумӯи ҳар чӣ бештари онҳо дар арсаҳои гуногун ҳастем. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ ва хусусан, тиҷоративу иқтисодӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд.

Нақши Амрико дар масоили ривоҷи муносибатҳои созанда дар минтақаи мо низ назаррас аст. Аз ин рӯ, умедворем, ки кишвари Шумо, бо назардошти хурӯҷи неруҳои эътилофӣ аз Афғонистон, минбаъд низ ба масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад кард.

Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Амрико хушрӯзӣ ва саодат орзумандам».