ба сарварони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия, Покистон, Эрон ва Афғонистон
Ба муносибати фаро расидани ҷашни Наврӯзи оламафрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарварони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия, Покистон, Эрон ва Афғонистон барқияҳои табрикӣ ирсол намуд.
Сарвари давлат ба ҳамтоёни худ ва мардумони минтақа дастурхони пурнозу неъмати наврӯзӣ ва дар Соли нави аҷдодӣ муваффақияту бурдбориҳо орзу кард.
Аз сарварони кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳои табрикӣ ворид шуда истодаанд.