Барқияҳои табрикӣ

№150 (3296) 19.12.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2014 ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич!

Табрикоти самимии маро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Қазоқистон -Рӯзи истиқлолият қабул намоед.

Барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Қазоқистон ҳамчун як ҷузъи асосии афзалиятноки сиёсати берунӣ ҳамеша боқӣ мемонанд. Мо барои рушди рӯзафзуни он ҳавасмандем ва омодаем барои дар амал татбиқ намудани иқтидори бузург ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилае, ки кишварҳоямон соҳибанд, тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем. Мехоҳам изҳори умед кунам, ки мо тавассути кӯшишҳои муштарак метавонем он боигарии бебаҳоеро, ки аз гузаштагонамон ба мерос гирифтаем, боз ҳам ғанитар гардонем.

Ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич, саломатии бардавом ва барои шукуфоии мамлакат расидан ба мақсадҳои пешбинишударо хоҳонам ва ба мардуми бародари Қазоқистон беҳбудӣ ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам».

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон      18 декабри соли 2014 ба Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Мояи хурсандии ман аст, ки ба Волоҳазрат табрикоти самимона ва орзуҳои неки бародаронаи худро ба муносибати фарорасии Иди миллии Давлати Қатар бифиристам ва ба Шумо сиҳатии бардавом ва ба мардуми бародари Қатар таҳти роҳбарии Шумо пешрафту шукуфоӣ орзу намоям.

Ман аз сатҳи робитаҳо ва ҳамкориҳои босамари мардумони бародари мо қаноатмандам ва ин фурсати некро ғанимат мешуморам, то бори дигар рағбати самимиамро дар идома додани кор бо Волоҳазрат баҳри таҳкими равобит ҷиҳати истиқрори амну субот ва пешрафти ҳар ду кишвар ва минтақа изҳор намоям.

Хоҳишмандам, ғояти эҳтироми маро бипазиред».