Барқияҳои табрикӣ

№48 (3349) 02.04.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 марти соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич!

Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред.

Мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намудем. Аз нав интихоб шудани Шумо далели эътимоди воло ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи дар самти рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон равонашудаи Шумо, таҳкими иқтидору баланд бардоштани некуаҳволии мардуми он мебошад.

Мо мутмаин бар онем, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳои мо гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон пурра омода аст барои анҷом додани ин кори хайр тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, иҷозат фармоед ба Шумо саломатии бардавом, умри бобаракат ва саодатмандӣ орзу намуда, дар ин мақоми пурмасъулияти Шумо-Сарварии Ӯзбекистони бародар дар оянда комёбӣ ва дастовардҳои навро таманно намоям».

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 31 марти соли 2015 ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Волоҳазрат!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Хушҳолам табрикоти самимии худро ба муносибати 20-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба Шумо, Волоҳазрат, иброз намоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо сиҳатии комил ва дар амри идомаи роҳбарии хирадмандона ба Давлати Кувайт муваффақият орзу намуда, ба мардуми бародари он истиқрору субот, пешравӣ ва шукуфоӣ таманно намоям.

Аз барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо ва эҳёи пайвандҳои таърихии мардумонамон 20 сол сипарӣ шуд. Ин марҳилаест, ки шоҳиди саъю кӯшишҳои бедареғи ҳар ду ҷониб гашта, натиҷаву самараи он дар роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ва муколамаи сиёсии сатҳи баланди ду кишвар якҷо бо мавқеъгириҳои муштарак нисбат ба қазияву навгониҳои байналмилалӣ таҷассум меёбад. Ин амрест, ки азми мутақобилаи моро дар роҳи ниҳодани гомҳои устувор ҷиҳати тавсеаи дурнамои ҳамкориҳои муштарак дар тамоми самтҳо инъикос намуда, ба нафъи муштараки мо хоҳад буд.

Лутфан эҳтиромоти фоиқаи инҷонибро бипазиред».

www.president.tj