Барқияҳои табрикӣ

№102 (3248) 01.09.2014

Сиву якуми августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Алмазбек Шаршенович!

Табрикот ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.

Қирғизистон барои мо ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва мо барои тавсеа ва таҳкими муносибот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои анъанаҳои бойи таърихианд, ҳавасмандем. Боварӣ дорам, ки ба мо муяссар мешавад, ки якҷоя шарикии кишварҳоямонро, ки ҷавобгӯйи аслии манфиатҳои ду халқи бародар аст, таҳким бахшем.

Ба Шумо муҳтарам Алмазбек Шаршенович саломатӣ ва хушбахтӣ, ба халқи бародари қирғиз сулҳ ва шукуфоӣ таманно менамоям».

***

Якуми сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич!

Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман имконияти хуб медиҳад, то Шумо ва тамоми мардуми ӯзбекро бо ин санаи муҳим табрик намоям.

Барои Тоҷикистон, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати берунии он таҳкими робитаҳои минтақавӣ маҳсуб мешавад, муносибот бо Ӯзбекистон аҳамияти муҳим дорад.

Мо хоҳони муносиботи зичи мутақобила, ки аз манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақавӣ, субот ва ташкили шароит барои рушди устувори ҳар ду кишвар ва некуаҳволии мардумонамон бармеоянд, мебошем.

Бо такя ба анъанаҳои таърихии дӯстона, мо ният дорем, ки тамоми иқтидори мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила пурра амалӣ созем. Ин, бешубҳа, ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳаётӣ на танҳо барои мардум ва давлатҳои мо, балки дар маҷмӯъ барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Бовар дорам, ки ташрифи қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба ин раванд тақвият мебахшад.

Бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Ислом Абдуғаниевичи муҳтарам, саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои навро ба манфиати таҳкими муносиботи дуҷонибаамон таманно намуда, ба мардуми дӯсти Ӯзбекистон сулҳ, некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъдаро хоҳонам».

www.president.tj