Барқияҳои табрикӣ

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Ба муносиботи шарикӣ, иттифоқии мавҷудаи миёни Россия ва Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем. Ба иштироки фаъоли кишвари Шумо дар ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, СААД ва СҲШ арҷ мегузорем.

Мутмаинам, ки мо дар оянда низ бомуваффақият муколамаи созандаи сиёсӣ, ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва робитаҳои гуманитарӣ, инчунин ҳамоҳанг кардани кӯшишҳоро дар ҳалли масоили муҳими рӯзмарраи минтақа вусъат медиҳем. Ин аз ҳар ҷиҳат ҷавобгӯйи манофеи халқҳои бародари мост ва ба самти таъмини субот ва пешрафти Осиёи Марказӣ ҷавобгӯй аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо саломатии бардавом, , муваффақиятҳо ва ба тамоми ҳамватанони Шумо – сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».

***

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин дар номаи шодбошии худ ба унвони Сарвари давлати мо чунин менигорад:

«Ҷаноби Олӣ!

Ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва халқи Хитой, инчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи дӯсти тоҷик табрикоти самимона ва беҳтарин таманниётро баён медорам.

Дар давоми 23 сол, пас аз соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи рушдро бо хусусиятҳои хоси миллӣ тай намуд, корҳои давлатӣ рӯз то рӯз пешраванд. Ҷониби Хитой ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегӣ аз ин муваффақиятҳо самимона шод аст.

Муносиботи Хитой ва Тоҷикистон нишондиҳандаи намунавии ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст. Бо таваҷҷуҳи зиёд ба муносиботи Хитой ва Тоҷикистон, барои мунтазам боло бурдани муносиботи шарикии стратегии Хитой ва Тоҷикистон ба зинаҳои нав ман омодаам бо Шумо кӯшиши якҷоя ба харҷ диҳам.

Бо даъвати Шумо ба наздикӣ ман бо сафари расмӣ ба кишвари Шумо меравам ва дар саммити Душанбегии СҲШ иштирок мекунам. Бесаброна мунтазири мулоқот бо Шумоям, то мо битавонем дар бораи дӯстиамон табодули назар кунем ва якҷоя нақшаи ояндаи муносиботи Хитою Тоҷикистон ва рушди СҲШ-ро баррасӣ намоем.

Ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳо таманно дорам.

Шукуфоии Тоҷикистони дӯст ва хушбахтии халқи онро орзумандам».

***

Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ, бародари гиромӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Худо нигаҳбонатон бошад!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ва баъд:

Боиси хушнудии мост, ки ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти кишваратон, ба Шумо, Ҷаноби муҳтарам, аз номи мардуму Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва аз номи худамон самимонатарин табрикот ва беҳтарин таманниётро барои офияту саодатмандии Шумо изҳор намуда, ба халқу Ҳукумати Тоҷикистони бо мо бародар пешрафту шукуфоии пайдарпай хоҳонем.

Ҷаноби Олӣ дуруду қадрдонии моро пазиро бошанд».

***

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи халқи Беларус ва шахсан аз номи худам табрикоти самимиро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қабул фармоед.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба нишондодҳои назаррас дар давлатсозӣ, рушди иқтисодӣ ва соҳаи иҷтимоӣ, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ноил гардид.

Бо қаноатмандӣ пешрафти рушди ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар боварии мутақобила, эҳтиром ва дастгирии дӯстона асос ёфтаанд, қайд мекунам.

Мутмаинам, ки муносибати ҷиддии ҳар ду ҷониб ба татбиқи якҷояи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада имкон медиҳад динамикаи ҳамкориҳои бисёрҷанба зиёд карда шавад.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, муваффақиятҳо, дар татбиқи нақшаҳои минбаъда комёбӣ, ба халқи Тоҷикистон сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам.».

***

Пранаб Мукерҷӣ — Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Боиси шарафмандии ман аст, ки аз номи Ҳукумат, мардуми Ҳиндустон ва шахсан аз номи худам Шуморо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми бародари Тоҷикистонро ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намоям.

Муштаракоти таърихию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон барои густариши сареи ҳамкорӣ дар давраи нав заминаи хуб ва шароити мусоид фароҳам оварданд. Боварии комил дорам, ки муносибатҳои байни ду кишвар дар солҳои оянда боз ҳам тақвият ва рушд хоҳанд ёфт. Бо мақсади таъмини сулҳу субот ва тараққиёт дар ҷаҳон, барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни ду кишвар кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам волотарин таманниёт ва эҳтиромоти бепоёни худро изҳор намуда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ ва ба тамоми мардуми бародари Тоҷикистон комёбиҳои беназир орзу намоям».

***

Дар номаи шодбошии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Фаро расидани солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми он кишвар самимона табрик мегӯям.

Умедворам, бо таваҷҷуҳ ба пайвандҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангии мардуми ду кишвар раванди тавсеаи муносиботи дӯстонаи дуҷониба аз ин пас низ дар ҳама заминаҳо беш аз пеш идома ёбад ва мардуми Эрон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин мардуми минтақа ҳамчунон аз манофеи он баҳраманд гарданд.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва беҳрӯзӣ ва некбахтии Давлат ва мардуми Тоҷикистонро орзу дорам».

***

Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

«Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва халқи тоҷик аз номи худам ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимӣ ирсол медорам.

Дар давоми зиёда аз бист сол, пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, миёни кишварҳоямон дар бисёр соҳаҳо муносиботи хуб ва боэътимод густариш ёфт. Тоҷикистон дар Осиёи Миёна шарики муҳим аст, ки Германия минбаъд низ таваҷҷуҳи зиёд мекунад. Ман боварӣ дорам, ки сохтори демократии устувор ва давлати ҳуқуқбунёд беҳтарин гарави рушди муваффақонаи кишвар аст. Германия дар оянда низ ҳамчун шарик Тоҷикистонро дар роҳи он ҳамроҳӣ ва дастгирӣ менамояд.

Ба Шумо тамоми хушиҳо ва ба халқи Шумо сулҳ, озодӣ ва некӯаҳволиро таманно дорам».

***

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Муътақид бар онам, ки муносиботи мавҷудаи таърихии ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобилаи миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон минбаъд низ ба нафъи халқҳои ду кишвар, ба манфиати нигаҳдории субот ва устуворӣ дар минтақаи мо рушд мекунанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, тамоми хушиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳ ва бурдбориҳо таманно дорам».

***

Илҳом Алиев — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар номааш гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи халқи Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам Шумо ва дар симои Шумо тамоми халқи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни миллии кишвар — Рӯзи Истиқлолият самимона табрик менамоям.

Озарбойҷон ва Тоҷикистонро муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд. Ҳоло ин муносибот ба самти рушди ҳамаҷониба ва динамикӣ ҷараён гирифта, мазмуни навро касб мекунанд.

Мутмаинам, ки кӯшишҳои якҷояи мо дар оянда низ ба рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ, ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон равона мегарданд.

Дар ин рӯзи муҳим ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтӣ, муваффақиятҳо ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳ ва бурдбориҳо таманно дорам».

***

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Боиси қаноатмандии ман аст, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин аз номи худам, шахсан Шумо ва дар симои Шумо ба ҳамаи халқи дӯсти мамлакати Шумо табрикоти самимиро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.

Xурсандибахш аст, ки муносибатҳои сатҳи олии мавҷудаи миёни Туркманистон ва Тоҷикистонро, ки доимо дар самтҳои гуногун, аз он ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ ва дигар бахшҳо таҳким ва густариш меёбанд, қайд намоям.

Садоқати тағйирнопазири мамлакатҳоямон барои минбаъд ҳам густариш бахшидани гуфтушуниди байнидавлатии Туркманистону Тоҷикистон ҷавобгӯйи манфиатҳои мардумони ҳар ду кишвар аст.

Cамимона ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамоям».

***

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Сидқан Шуморо бо иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият таҳният мегӯям.

Қазоқистон ба муносибатҳои дӯстонаи тарафайн бо Тоҷикистон аҳамияти махсус медиҳад. Ба ин рушди муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни давлатҳоямон шаҳодат медиҳанд.

Итминон дорам, ки муносиботи асоснок ва гуногунҷанба байни кишварҳоямон, ки дар заминаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ҳосил шудаанд, дар оянда низ ба нафъи халқҳои бародарамон густариш меёбанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо саломатии бардавом, дар фаъолиятатон комёбиҳои нав ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно мекунам».

***

Дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намоед.

Мутмаинам,ки кафолати нигоҳ доштани дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, эҳтироми якдигар ва нигоҳ доштани муқаддасоти фарҳангӣ байни мардуми мо, ташкили сиёсати созандае,ки ба рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қирғизистон замина мегузорад, маҳсуб меёбад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии комил, дар фаъолияти давлатиатон барору комёбӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

***

Дар номаи шодбошии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Мардуми Амрико дар баёни табрикоти самимона нисбат ба Шумо ва мардуми тоҷик вобаста ба ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман ҳамроҳ мешаванд.

Иёлоти Муттаҳида аз шарикии муназзами худ бо Тоҷикистон- шарикие, ки барои дастгирии сулҳ, субот ва шукуфоии тамоми минтақа аҳамияти ҳаётан муҳим доштани худро идома медиҳад, мефахрад.

Мо умед дорем, ки имсол робитаҳоро миёни давлатҳоямон бо фарогирии кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ба даст овардани ояндаи демократӣ, осоишта ва шукуфон барои мардуми Тоҷикистон боз ҳам мустаҳкам намоем».

***

Императори Ҷопон Акихито чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ирсоли табрикоти самимонаи ман ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сарфарозӣ буда, ба Шумо саодат, ба мардуми шарафманди тоҷик шукуфоии минбаъдаро хоҳонам».

***

Дар паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган чунин омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент, бародари азизам!

Бо эҳсоси самимӣ Ҷаноби Олӣ ва тамоми халқи тоҷикро бо 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мекунам.

Мо бо қаноатмандӣ тағйироти мусбатеро, ки Тоҷикистон дар ҳар як соҳа аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолиаш то имрӯз ба даст овардааст, новобаста ба шароити мураккаб дар кишварҳои ҳамсоя, мушоҳида мекунем. Ман таҳкими минбаъдаи ин бузургиро таманно дорам.

Ҳамин тавр, боварии амиқ дорам, ки бо робитаҳои наздики дӯстона ва бародаронаи халқҳоямон, ки решаҳои умумии таърихӣ ва фарҳангӣ доранд, мо боз ҳам муносибатҳои рушдкунандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро дар асоси ҳамкориҳои мутақобилан судманд таҳким мебахшем.

Бо истифода аз фурсат, хоҳишмандам таманниёти сиҳатӣ ва хушбахтӣ ба Ҷаноби Олӣ ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳ ва шукуфоии маро қабул фармоед».

***

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният Шумо, Ҷаноби Олӣ, мардум ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба муносибати 23 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик менамоям.

Боиси хушнудӣ ва хурсандист, ки муносибатҳои бародаронаи ду давлат дар асоси боварӣ ва якдигарфаҳмӣ рушд ёфта истодааст. Боварии комил дорам, ки муносибатҳои дуҷониба дар оянда боз ҳам тараққӣ хоҳанд ёфт. Умедворам бо Шумо баҳри мақсади ягона — таҳкими сулҳу амонӣ ҳамкорӣ намоям.

Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон пирӯзиву комёбиҳои ҷадид орзумандам.

Ман ин фурсатро барои таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ғанимат медонам».

***

Серж Саргсян — Президенти Ҷумҳурии Арманистон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шуморо бо ҷашни муҳими миллӣ-Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аз самими қалб табрик менамоям.

Анъанаҳои неки эҳтироми ҳамдигарӣ ва дӯстии мардумони мо пойдевори мустаҳкам барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатии Арманистону Тоҷикистон, вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамкориҳои қобили қабул дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд.

Бовар дорам, ки кӯшишҳои муштарак дар ин самт, ки пурра аз манфиатҳои устувор намудани дӯстӣ миёни мардумони кишварҳои мо бармеоянд, метавонанд робитаҳои дуҷонибаро бо барномаҳои шавқовар ва манфиатбахши барои рушди ҳар ду давлат фоидаовар мукаммал намоянд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатӣ ва барои шукуфоии Тоҷикистон барору комёбиҳо, ба мардуми тоҷик рафоҳатро таманно дорам».

***

Президенти Украина Пётр Порошенко дар барқияаш навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо бо 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.

Бовар дорам, ки ҳамкориҳои серҷониба миёни Украина ва Тоҷикистон дар асоси шарикии қобили қабул ва дастгирии дуҷониба марҳила ба марҳила инкишоф меёбанд. Бо истифода аз фурсат, ба Шумо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти давлатии масъулиятноки Шумо комёбиҳои минбаъдаро таманно намуда, ба мардуми дӯсти тоҷик — сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоиро хоҳонам».

***

Номаҳои табрикӣ ҳамчунин аз Шоҳи Шветсия – Карл Густаф, Президенти Федеративии Ҷумҳурии Австрия – Хайнс Фишер, Президенти Ҷумҳурии Болгария – Росен Плевнелиев, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика – Энрике Пена Нието, Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия – Башшор Асад, Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои Вазирон ва Вазири мудофиаи Мамлакати Арабистони Саудӣ – Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ – Елизаветаи II, Президенти Конфедератсияи Швейтсария – Дидйе Бурхалтер, Папаи Рум – Франсиск, Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ – Николай Бордюжа, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV, Шоҳи Марокаш – Муҳаммади VI, Шоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун – Абдуллоҳи II, Султони Уммон – Қобус ибни Саид, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам – Чионг Тан Шанг, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка – Маҳинда Раҷапакса, Президенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш – Абдул Ҳамид, Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш –Шейх Ҳасина Вазид, Раиси Президиуми Шӯрои Олии мардумии Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Корея – Ким Ен Нам, Роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Жозе Гратсиану да Силва, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ – Мирослав Енча ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

www.president.tj