Барқияҳои табрикӣ

№114-115 (3260-3261) 09.10.2014

Сеюми октябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла чунин гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ!

Шумо ва мардуми дӯсти Германияро бо фарорасии ҷашни миллӣ –солгарди Рӯзи Ваҳдати Германия аз номи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худ сидқан табрик ва таҳният мегӯям.

Боиси хушнудист, ки бар асари саъю талош ва кӯшишҳои созандаи ҳар ду ҷониб равобити дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Германия сатҳи баланд ва сифатан навро касб намудааст.

Дар Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Германия аҳамияти хоса медиҳанд. Итминон дорам, ки истифодаи бештари ду ҷониб аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар роҳи таҳкиму таъмиқи равобити ҳасанаи ду кишвар комёбиҳои ҷадид ба бор хоҳад овард. Мо аз ҷониби худ барои амалӣ гаштани ин ормонҳо ва тақвият бахшидани равобити байни кишварҳо ва халқҳоямон ҳамаи талошҳои созандаро истифода хоҳем кард.

Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Германия саодат ва дастовардҳои ҷадид орзумандам».

***

Дар иртибот бо фарорасии иди мусулмонони тамоми ҷаҳон – Иди саиди Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои олами Ислом, аз ҷумла кишварҳои Шарқи Наздик, халиҷи Форс, Африқо, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо паёми табрикӣ ирсол намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол ба мардуми ин кишварҳои ҳамдину дӯсту бародар сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуд.

Дар арафаи Иди мубораки Қурбон аз номи роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ва дигар давлатҳо унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ номаҳои шодбошӣ расиданд. Дар ин паёмҳо ба мардуми Тоҷикистон ва Сарвари он орзуи пирӯзиву муваффақият ва хушрӯзиву саодат иброз шудааст.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти мамлакат идома дорад.

www.president.tj