Барқияҳои тасаллият

№83 (3229) 30.07.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо андӯҳи бузург хабари садамаи фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Алҷазоирро дар наздикии шаҳри Гаои Ҷумҳурии Малӣ, ки мӯҷиби марги теъдоди зиёди мусофирон гаштааст, дарёфт намудам.

Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона ба мардуми Ҷумҳурии Франсия хоҳишмандам, Ҷаноби Президент, ҳамдардии инҷониб ва халқи Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед».

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ! Бародари азиз!

Хабари ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии Алҷазоир ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани мусофирони алҷазоирӣ ҳамроҳ бо мусофирони дигар моро сахт андӯҳгин кард.

Бо арзи тасаллият даст ба дуо мебардорем, ки Худованди азза ва ҷалла ҳамаи қурбониёнро дар ҷавори раҳмати хеш паноҳ диҳад ва ба пайвандонашон сабри ҷамил ато фармояд. Худованд Алҷазоир ва мардуми онро аз ҳама гуна мусибатҳо нигаҳ дорад».

www.president.tj