Дар иртибот ба вафоти Иззатулло Ҳаёев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шодравон изҳори ҳамдардии амиқ намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Марги абармард, чеҳраи шинохтаи арсаи сиёсат ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятиро бо андӯҳи зиёд дарёфтам.
Шодравон Иззатулло Ҳаёев давоми ҳаёту фаъолияти ибратбахшаш дар тарбияи кадрҳои болаёқат ва пешрафти кишвар саҳми босазо гузоштааст.
Аз даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки хонаи охираташ обод ва рӯҳаш шод бошад».
***
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Баран Ядав барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари заминларза дар кишвари Непал, ки боиси ҳалокати ҳазорон шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба халқи дӯсти Непал бо ин талафоти бузург баён намуда, ба наздикони ҳалокшудагон тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам.
Ба осебдидагон шифои комил орзумандам».
www.president.tj