Якуми октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис!
Табрикоти гарму самимии маро ба муносибати 64- умин солгарди Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Халқии Хитой қабул фармоед.
Дар Тоҷикистон бо фараҳмандии хоса аз дастовардҳои назарраси Хитойи дӯст, эътибори афзуни он дар сатҳи байналмилалӣ ва имкониятҳои минбаъдаи он дар масири пешрафту рифоҳ ёдоварӣ мекунанд.
Кишварҳои моро анъанаҳои дӯстиву ҳусни ҳамсоягӣ, ки аз тӯли қарнҳо маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд. Дар давраи муосир миёни Тоҷикистону Хитой дар шароити рушди мустақил таҷрибаи қавӣ ва захираҳои мусоиде барои беҳбуди бештари равобити бисёрҷонибаи ду кишвар фароҳам гардидаанд.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки равобити миёни ду кишвар, ки дар асоси баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобил бунёд ёфтааст, пайваста рушду густариш меёбад. Тоҷикистон ба сатҳи кунунии равобит бо Хитой ва ҷараёни ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию гуманитарии миёни ду кишвар баҳои баланд медиҳад.
Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай барои мо муҳим аст, зеро он боиси тавсеаи рушди иқтисодӣ ва таҳкими амният дар минтақа мебошад.
Ман аз натоиҷи вохӯриҳои зиёд бо Шумо ниҳоят қаноатмандам. Баҳори имсол сафари давлатии ман ба кишвари Шумо бомуваффақият ба анҷом расида, дар баробари мусоидат дар самти ба роҳ мондани ҳамкории бештар миёни ду кишвар, инчунин дар равобити дуҷонибаи миёни кишварҳоямон сатҳу сифати тоза бахшид. Ба имзо расидани Эъломияи муштарак ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории стратегӣ далели ин гуфтаҳо аст.
Мо ба роҳбарияти Хитой барои дастгирии пайваста, пеш аз ҳама, дар татбиқи бузургтарин барномаҳои ҳаётан муҳим дар бахшҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт арзи сипос менамоем.
Мо аз касби ин таҷрибаи арзишманд ниҳоят шодем ва умедворем ва он минбаъд низ такомул хоҳад ёфт. Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Хитой манфиатдор буда, ҷонибдори амиқи равобити судманд ба нафъи ҳар ду мардуми кишвар мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Раис, сиҳатии бардавом, ба кишвари ҳамшарики мо –Хитой дастовардҳои навин ва ба мардуми дӯсти он пешрафту рифоҳро таманно намоям».