Барқияи шодбошӣ

№58 (3204) 03.06.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Миср осоишу тараққӣ ва шукуфоӣ орзу намоям.

Дар чунин лаҳзаҳои гуворо мо аз умқу аҳамияти равобити таърихии ду кишвар ва мардумони он ёд карда, рағбати самимии хешро барои тақвияти саъю кӯшишҳои муштараки худ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, ҷиҳати таҳким бахшидани равобите, ки орзуҳои моро дар роҳи устувор гардонидани сулҳу амонӣ ва рушду тараққӣ таҷассум месозанд, таъкид менамоем.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, бори дигар табрикоти самимона ва ибрози эҳтироми ин ҷонибро бипазиред».

www.president.tj