Якуми октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин барқияи табрикотӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Шасту панҷумин солгарди Рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ман имконияти гуворо мебахшад, ки Шумо ва ҳамаи халқи дӯсти Хитойро бо ин воқеаи фархунда сидқан муборакбод намоям.
Хурсандибахш аст, ки Хитойи дӯст дар ин давра дар амри рушди иқтисодиёт ва шукуфоии фарҳангу маориф муваффақиятҳои таъсирбахш ба даст овард. Хитой дар арсаи ҷаҳон эътибори шоиста касб намуда, барои таъмини сулҳ ва амнияту суботи ҷаҳон ҷаҳд мекунад. Мо чун дӯстони нек аз ин дастовардҳо ҳамроҳи Шумо аз таҳти дил шод мегардем.
Муносибатҳои ҳамсоягии нек ва дӯстона бо Хитой ҳамеша авлавиятҳои асосии хориҷӣ буданд ва мебошанд. Мо онҳоро ба дараҷаи баланд қадру эҳтиром карда, барои таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои мушорикати стратегӣ бо Хитой саъю кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода ва ба мунтазам ғанӣ гардидан ва рушду густариш ёфтани онҳо ҳиссаи худро мегузорем.
Эъломияи ба қарибӣ имзокардаи мо дар бораи густариши муносибатҳои мушорикати стратегӣ ва Барномаи қабулшудаи ҳамкорӣ то соли ду ҳазору бистум аз ин шаҳодат медиҳад. Мо тайёрем, ки муколамаи доимию эътимодомези сиёсиро ба манзури рушду такмили муносибатҳои байни ду кишвар дар ҳамаи бахшҳое, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, минбаъд ҳам вусъат бахшем.
Саҳми бебаҳои Шуморо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Хитой бо ҳисси миннатдории самимона қайд менамоям. Ба туфайли саъю кӯшишҳои Шумо вақтҳои охир муносибатҳои мо аз бисёр ҷиҳат қувваи назаррас ба даст оварданд, ки ин ба пурратар дарёфт намудани неруи ҳамкории судманди миёни ду кишвар мусоидат намуд. Аминам, ки татбиқи амалии ҳуҷҷатҳои имзошуда дар ҷараёни ташрифи давлатии ба қарибӣ суратгирифтаи Шумо ба Тоҷикистон ва оғози татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷме, ки дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон амалӣ мешаванд, ба ҳамкории самарабахши ду кишвар қувваи бузург бахшида ва сатҳи ҳамкориамонро ба қуллаҳои нав мебардоранд, ки ба имконоти ғанитарини муносибатҳои дуҷонибаамон мувофиқанд.
Мехоҳам ҳамкории судманди Тоҷикистону Хитойро дар ҳошияи СҲШ, ки Хитой ҳам дар он ҷонибдори фаъоли ҳамгироӣ ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои байни давлатҳои аъзо аст, бо камоли қаноатмандӣ иброз дорам.
Аз ин имконият истифода бурда, мехоҳам бори дигар қайд намоям, ки Тоҷикистон нияти қатъӣ дорад, ки бахшҳои ҳамкориро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ҷавобгӯи манофеи асосии ҳар ду давлату халқҳо ва ҳифзи амнияту суботи минтақа аст, рушду густариш бахшад.
Иҷозат фармоед дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар ҳамаи ибтикоротатон баҳри шукуфоии Хитойи бузург муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти он сулҳу беҳбудӣ ва шукуфоиро орзу намоям».
www.president.tj