21 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия Алберти II барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Аълоҳазрат!
Боиси сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати фаро расидани иди миллии кишваратон самимона табрику таҳният мегӯям.
Изҳори итминон менамоям, ки саъй ва талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар рафти сафари тозаанҷомёфтаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ба даст омадаанд, ба ин раванд мусоидати арзишманд хоҳад кард.
Ба Шумо, Аълоҳазрат, саломативу бурдбориҳо ва ба мардуми дӯсти Белгия саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфойӣ хоҳонам».