Шашуми августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол намоям.
Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бовар дорем ва ҳамеша барои рушду равнақи онҳо саъй хоҳем кард.
Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон хоҳанд ниҳод.
Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Покистон – сулҳу субот ва пешрафту рифоҳ таманно дорам».